Адвокатoҳои
вилояти Суғд
Дар ин саҳифа шумо метавонед дар бораи адвокатҳои Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташкилоти ҷамъиятии Pro Bono De Jure ҳамкорӣ мекунанд, маълумот пайдо кунед. Адвокатҳо машварати аввалияи ҳуқуқиро ройгон пешниҳод менамоянд.
Маслиҳати ҳуқуқии ройгон

Агар ба шумо маслиҳати ҳуқуқии ройгон лозим бошад — ба Pro Bono De Jure муроҷиат кунед

Ташкилоти ҷамъиятии Pro Bono De Jure ба онҳое, ки наметавонанд хароҷоти хизмати адвокатро пардохт кунанд, маслиҳати ҳуқуқии ройгон медиҳад. Дастаи ҳуқуқшиносони ботаҷриба масъалаҳои соҳаҳои ҳуқуқи оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва маъмуриро баррасӣ мекунад.

  • Маслиҳат оид ба парвандаҳои оилавӣ ва меросӣ
  • Муҳофизати ҳуқуқҳои меҳнатии коркунон
  • Тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва шикоятҳо
  • Ҳамроҳӣ дар мақомоти давлатӣ
Занг задан @probonodejuretj Занг ройгон аст · Махфӣ
Дилафруз Самадова
“Дар парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳангоми санҷишҳо ва даъватҳо, шикоят аз вайрон шудани ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, бо истифодаи механизмҳои байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон, баҳсҳои оилавӣ, мерос, баҳсҳои меҳнатӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонам”.
Таҷрибаи корӣ — 20 сол.
Адвокати КА-02-103
.
Суроға:Шаҳри Хуҷанд, микроноҳияи 16, назди БДА-вилояти (офиси TUT-coworking)

Анвар Бобохонов
“Ман адвокати касбӣ бо таҷрибаи бисёрсолаи кор дар соҳаи ҳуқуқ ҳастам. Аз соли 2016 фаъолияти адвокатиро дар доираи Кабинети адвокатии “Ҳақпараст” ба роҳ монда, ба ҳимояи манфиатҳои муроҷиаткунандагон диққати махсус медиҳам. Таҷриба ва касбияти ман имконият медиҳанд, ки мушкилтарин масъалаҳои ҳуқуқӣ самаранок ҳал карда шаванд”.

Аз моҳи декабри соли 2019 то декабри соли 2024 аъзои Комиссияи тахассусии Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон будам.

Собиқаи умумии корӣ дар соҳаи ҳуқуқ — 20 сол.
Солҳои 2005–2011 ҳамчун муфаттиш дар КДАМ фаъолият намудам.
Аз соли 2016 то имрӯз ҳамчун адвокат фаъолият менамоям.
Гулнора Аминова
“Ман ҳамчун адвокат ба ҳимояи ҳуқуқии мизоҷонам машғул буда, ба онҳо машваратҳои тахассусии ҳуқуқӣ пешниҳод намуда, манфиатҳояшонро дар суд намояндагӣ менамоям. Аз рӯзи оғоз намудани фаъолияти касбии ҳуқуқии худ пайваста малакаҳои касбиро инкишоф медиҳам, дар форумҳо, семинарҳо, мактабҳо ва тренингҳо фаъолона иштирок менамоям. Хатмкардаи Мактаби Байналмилалии «Агора» барои адвокатҳои Тоҷикистон мебошам.

Собиқаи корӣ ҳамчун адвокат — аз соли 2013.
Умедҷон Пулотов
“То имрӯз дар парвандаҳои зиёди ҷиноятӣ иштирок намуда, манфиатҳои зерҳимояамро бо муваффақият ҳимоя намудам. Ҳамчунин ба парвандаҳои мадани ва оилавӣ машғул ҳастам. Дар шаҳри Хуҷанд ва дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоям”.
Аз соли 2021 адвокатҳастам. Адвокати ҷавон ва ояндадор.
Суроға:
шаҳри Хуҷанд, TUT Coworking Space, маҳаллаи 16 (нишона — БДА вилояти)
Закия Файзуллозода
Адвокат
Ҳамчун ҳимоя дар парвандаҳои ҷиноятӣ тахассус дорам, аз ҷумла дар парвандаҳое, ки ба ҷиноятҳо алайҳи ҳаёт ва саломатӣ, дуздӣ, ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир, ҷиноятҳо алайҳи молу мулк, ғоратгарӣ, қочоқ ва зӯроварӣ дахл доранд. Кӯмак дар ҳолати боздошт, ҳимояи ҳуқуқҳои мизоҷ дар Муассисаҳои тафтишоти (СИЗО), ҳамроҳӣ дар амалҳои тафтишотӣ ва шикоят аз амалҳои ғайриқонунии мақомоти тафтишот — қисми фаъолияти ман мебошанд. Ман стратегия ва хати ҳимояро дар суд тарҳрезӣ намуда, дар тамоми марҳилаҳои мурофиаи судӣ, аз ҷумла бо шикояти кассатсионӣ, иштирок менамоям.
Ҳамчунин дар парвандаҳои оилавӣ ёрии ҳуқуқӣ мерасонам: бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алимент, муқаррар намудани падарӣ, қабул ва тақсими мерос, тақсими амвол ва фарзандхонӣ.
Ман кумаки касбии ҳуқуқӣ, ҳимояи манфиатҳо ва муносибати инфиродиро ба ҳар як мизоҷ пешниҳод менамоям.
Суроға:
Вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Фирдавсӣ 137
(нишона — рӯ ба рӯи Суди шаҳри Хуҷанд)
Хатюхина Татяна
Адвокат
Татяна Хатюхина — адвокат бо таҷрибаи зиёди кори мебошад, ки омода аст  ҳуқуқ ва манфиатҳои зерҳимояашро дар парвандаҳои душвор ҳимоя намояд. Ӯ дорои донишҳои амиқи ҳуқуқӣ ва малакаҳои касбӣ буда, ба ҳалли самараноки баҳсҳои ҳуқуқӣ мусоидат менамояд.
Бо равиши касбӣ ва муносибати ҷиддӣ ба ҳар як парванда, ӯ барои ҳимояи манфиатҳои зерҳимояаш дар ҳама марҳилаҳои мурофиаи судӣ омода мебошад.
Собиқаи корӣ: 23 сол
Раҷабов Фарходҷон
Адвокат
Раҷабов Фарҳодҷон Исломович— ҳуқуқшиноси соҳибихтисос бо таҷрибаи бисёрсолаи ҳифзи ҳуқуқ ва таълими ҳуқуқӣ. Донишномаи магистр дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ дорад, аз соли 2018 дар донишгоҳ таълим медиҳад ва бо ташкилотҳои ҳимоякунандаи ҳуқуқи инсон фаъолона ҳамкорӣ менамояд. Ихтисоси асосии ӯ ҳифзи ҳуқуқи инсон мебошад. Аз соли 2024 фаъолияти адвокатиро ба роҳ монда, барои ҳуқуқшиносон тренингҳо мегузаронад. Ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ — равон сухан мегӯяд.
Суроға:
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд.
Хушбахт Ибрагимов
Хушбахт Ибрагимов — адвокати касбӣ дорои собиқаи 15-солаи фаъолияти амалӣ дар вилояти Суғд.
Ман ба ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва тиҷорат дар соҳаи қонунгузории граждани, оилавӣ ва манзил ихтисос дорам, инчунин ҳамроҳии пурраи ҳуқуқии аҳдҳоро бо амволи ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ амалӣ менамоям.
Афзалияти ман — махфияти қатъӣ, ахлоқи касбӣ ва расидан ба натиҷаи максималӣ барои боваркунанда ҳам дар марҳилаи музокирот ва ҳам дар рафти намояндагии судӣ мебошад. Барои ёфтани ҳалли қонунӣ ҳатто дар баҳсҳои мураккабтарини ҳуқуқӣ кӯмак мерасонам.
Адрес: Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Суғд, шаҳри Конибодом.

Made on
Tilda